ВИДЕО: Даъвати Кабирӣ тариқи ТВТ: Барои курсӣ қонунро нашиканед!
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шоми 3-юми феврал дар баромадаш тариқи шабакаи аввали телелвизиони кишвар аз мардум хост, дар интихоботи парлумонии 1 март ба ҷонибдорӣ аз ҳизбаш овоз диҳанд.
Кабирӣ дар хитоб ба мардум гуфт, ”пештар ҳамеша мегуфтам, ба ҳар як ҳизбе, ки дилатон мехоҳад райъ бидиҳед, вале дар ин интихобот бо назардошти вазъияти имрӯза аз Шумо хоҳиш мекунам ба Ҳизби наҳзати исломӣ овоз диҳед”.
Ба ақидаи Кабирӣ овоз ба ҷонибдорӣ аз ҲНИТ ин овоз бар зидди туҳмат, бар зидди дуруғ, ихтилоф ва фитанаангезӣ аст: “Ба Ҳизби наҳзати исломӣ раъй додан ин овоз барои субот, ваҳдат, ҳамбастагӣ, барои ҳамдигарфаҳмии дин ва дунё, барои оромиш ва суботи дунё ва охирати ҳар кадоми мо аст”.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қайд намуд, ки наметавон тоҷикро, тоҷикистониро ба тарафдори мутлақ динӣ ё дунявӣ тақсим кард ва касе талош мекунад миллати тоҷикро ба ду гуруҳ- динӣ ва дунявӣ ҷудо кунад, ин як хилофандозӣ ва фитнагарӣ дар ҷомеа аст.
Муҳиддин Кабирӣ афзуд, ба он дӯстоне, ки масъалаи дину дунявиятро мебардоранд, гуфтаниям, ки ин масъаларо аллакай миллат ҳал кардааст: "Дар референдум ва бо қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон ин масъала ҳал шуд, миллат иҷозат дод дар кишвари мо як ҳизби сиёсии динӣ вуҷуд дошта бошад. Хоҳиш мекунам сари ин масъала дигар худро азият надиҳанд, танҳо ва танҳо миллат ва қонун дар ин бора метавонад тасмим бигирад ва танҳо аъзои ҳизб дар бораи ном ва ё барномаи ҳизб сухани охиринро бигӯянд. Вале мо бар ин назар нестем, ки пешниҳодҳои дигарон нодида гирем, мебинем, меомӯзем, таҳлил мекунем, вале на бо фишор”.
Кабирӣ қайд намуд, ки боварӣ доранд дар парлумони ояндаи кишвар намояндагони бисёре аз ҳизбҳои сиёсӣ ва ё номзадҳои мустақил ворид хоҳанд шуд ва агар дар пардумони кишвар ҳамаи ҳизбҳо намояндаи худро дошта бошанд, ин бурди кишвар ва парлумон хоҳад шуд ва ҷои ягон ҳизби сиёсӣ, сиёсатмадар ё мансабдор кам намешавад.
Муҳиддин Кабирӣ дар муроҷиат ба масъулини ҳукуматҳо дар маҳаллаҳо, муаллимон, расиони ҷамоатҳо, мақомоти ҳифзи ҳқуқуқ гуфт, дар арафаи интихобот ба қонуншиканӣ, фишор болои номзадҳо ва гурӯҳҳои таблиғӣ роҳ надиҳнд: “Имрӯз аксрияти раисони ҷамоатҳо, масъулини далатӣ ва онҳое, ки тақдири интихбот дар дасти онҳост намояндаи як ҳизб ҳстанд. Хиёнат ба як овоз ин хиёнат ба миллат аст. Касоне, ки дар комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд, бахусус муаллимони муҳтарам, кормандони фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ аз Шумо як хоҳиш дорам, биёед миллатро дигар тақсим ба худиву бегона накунем, ҳар як овозро ҳамон тавре, ки мардум райъ додааст дуруст ҳисоб кунем, агар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раъйи бештар гирифт, ягон мусибате барои ҳеч кас нахоҳад шуд”.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар хитоб ба масъулини давлатӣ гуфт, барои чанд сол мондан дар мансабе корҳои ғайриқонуниро анҷом медиҳед, вале бидонед, ки ягон вазифа доимӣ нест: “Домиӣ фақат адолат аст, ҳақиқат аст, Худованди якто аст ва ҳама мо дар назди Худованд, виҷдони худ ҷавобгар ҳастем”.