Фармони №352-и Эмомалӣ Раҳмон: 2015 "Соли оила" эълон шуд
Райисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон соли 2015-ро “Соли оила” эълон кардааст.
Тавре аз дафтари матбуотии президенти кишвар хабар доданд, ин фармонро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 феврал имзо гузоштааст. Ҳадаф аз эълони “Соли оила” баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ унвон шудааст. Дар зимн райисиҷумҳур ба ҳукумати кишвар ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ барои татбиқи фармони мазкур як моҳ муҳлат додааст.