"Истиқлол" дар Туркия тамрин мекунад
Тими “Истиқлол”-и Душанбе барои омодагӣ ба мавсими нави бозиҳо ба Анталияи Туркия сафар кард.
Тавре аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд, марҳалаи омодагиҳо дар Анталия имрӯз, 4 феврал оғоз шуда, то 17-уми моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард.
Манбаъ мегӯяд, дар доираи ин давари омодагӣ “Истиқлол” чанд дидори дӯстона ҳам анҷом медиҳад.