Муҳоҷир: Порсол моро аз Русия депорт накарданд, имсол ҳам депорт намекунанд. Аммо агар депорт кунанд ҳам парво надорем. Зеро медонем, ки бо 3 ҳазор сомонӣ модари Наимҷон паспорт ва ному насабамонро иваз карда медиҳад
* Аммо порсол мо муҳоҷирон пешниҳоди вазири меҳнатро оид ба маоши 2500 сомонӣ рад карда будем, имсол қабул мекунему ҳамагӣ ба Роғун меравем ва умедворем, хонум вазир ба ваъдаашон амал мекунанду ҳамаи мо дар Ватан соҳиби кор мешавем.
* Сафорат порсол справкаи бозгашт ба Ватан ва паспорти хориҷиро барои муҳоҷирон арзон кард, умедворем имсол бепул мекунад.
Зоиров: Порсол иттифоқи касаба толорашро амонат дода буд, имсол умедворем, ки боз не намегӯяд. Ҳар сол намояндаҳои мо дар маҷлис ҳузур пайдо мекарданд, умедворем имсол боз ҳузурашон бештар шавад.
Саидмукаррам Абдулқодирзода: Порсол дин бесоҳиб буд, ҳар касе мехост аз номи дин ҳарф мезад, ба Ислом даъват мекард, аз ислом суиистифода мекард, имсол дин соҳиб дорад, ба ғайр аз ходимони расмии дин касе ҳаққи аз номи дини Ислом гап заданро надорад.
Раиси ноҳияи Файзобод: На дасти ягон кампир шиканад ва на гандумҳои ман нодаравида монад.
Кормандони академия: Порсол "карсак вакилон" ягон кашфиёту ихтирои илмӣ накарданд ва бо дуои "мулло вакилон" аз осмон микросхемаву мошину роботу телефону айфону роёна ва трактору комбайну таҷҳизоти муосир нарехт, аммо кормандони мо ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд ва порсол ҳар рӯзе 4 мақолаи илмӣ истеҳсол карданд. Имсол умедворем, ки дигар "мулло вакилон" ҳуҷум намекунанд ва "карсак вакилон" бетарафӣ наменамоянду лоиҳаи қонун дар бораи илм қабул мешавад ва дастовардҳои илмӣ зиёд мегардад.
Бачаи вазир: Порсол БМВ Х 5 харида будам, имсол умедворам, ки Х 6 ҳам мехарам ва дар дачаи Варзоб дар як ҳафта 7 рӯзакак истироҳат мекунаму боқимондаи рӯзи ҳафтаро барои дамгирии пас аз истироҳат сарф менамоям.
Бачаи камбағал: Порсол чархи аробаи боркашиам шикаста буд, имсол умедворам, ягон чархи куҳна ёфта, таъмир мекунаму боз ба бозор мебароям. Порсол дар як ҳафта 7 рӯз кор мекардам, имсол кӯшиш мекунам, ки боқимондаи рӯзҳои ҳафтаро ҳам кор кунаму барои китоби дарсӣ, таъмири мактаб ва зодрӯзи муаллимам пул ҷамъ намоям.
Орзуи нафақахурон: Порсол мо 110 сомонӣ нафақа мегирифтем, ба як халта орд намерасиду лекин раисҳову вазирон ҳам 110 сомонӣ нафақа мегирифтанду бо он нафақа ҳам ба худашон мошину хона мехариданд ва ҳам ба писару набераҳояшон, боз бақияаш мемонд. Ҳайронем, ки онҳо чӣ асрореро медониста бошанд. Умедворем, имсол Ҳукумов ва Назаршоева асрори чунин корро ба мо мегӯянд.