Раҳоии Қувватов ва шариконаш баъди 45 рӯзи боздошт дар Туркия
Умаралӣ Қуввватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24”, ки 19 декабри соли гузашта дар Туркия боздошт шуд, имрӯз, 3 феврал аз боздошт раҳо гардид. Дар ин бора Қумриниссо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов дар сафҳаи Фейсбукаш хабар додааст.
Ба иттилои ӯ, дар баробари Қувватов се тан аз ҳамроҳонаш - Ҳусайн Ашурови 33-сола, Суҳроб Тураеви 36-сола ва Абдурашид Ҳомидови 25-сола низ аз боздошт раҳо гардидаанд.
Қаблан мақомоти тоҷик эълон карданд, ки барои истирдоди Умаралӣ Қувватов аз Туркия ба Тоҷикистон дархост равон кардаанд. Ахиран Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон гуфт, Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” дар баробари ҷиноёти иқтисодӣ инчунин дар гаравгонгириҳо низ даст дорад. Раиси Оҷонсӣ 26 январ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, Қувватов тариқи зӯроварӣ тиҷоратҳоро аз худ карда, собиқ ҳамкоронашро аз дар берун менамудааст.
Муҳамадзода Ҷамолиддин, масъули парвандаҳои Қувватов гуфт, феълан алайҳи Умаралӣ Қувватов бо моддаи 245 ва 247, дуздию қаллобиҳо парванда оғоз карда шудааст: “Ӯ аз ҷониби мақомоти мо дар кофтукоб эълон шудааст. Маводҳояш ба Интерпол пешниҳод гардиданд. Вақти боздошташ дар Дубай мақомоти Арабистон дархости моро қонеъ накарданд, феълан дархостро ба Туркия равон кардем.”
Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24”, 19 декабри соли 2014 аз манзили зисташ дар Туркия аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт гардид ва далели боздошташ нақзи қоидаҳои будубош дар ин кишвар арзёбӣ мешуд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар пайи боздошти Қувватов ва ҳамроҳонаш аз мақомоти Туркия риояи ҳуқуқи онҳоро талаб намуда, изҳор доштанд, ки Қувватов барои дарёфти мавқеи гуреза ба дафтари дахлдори Созмони Миллали Муттаҳид муроҷиат намуда, интизори ҷавоб аст.
Дар Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов ва аъзои “Гуруҳи 24”, ки 9 октябр аз ҷониби Додгоҳи Олӣ экстремистӣ эълон шудааст, дар ҷиноятҳои вазнини зидди сохти конститутсионӣ муттаҳам мешаванд. Қаблан Додситонии генералии Тоҷикистон гуфт, “прокуратураи генералӣ маводи ҷамъовардашударо оид ба фаъолияти “Гурӯҳи 24” мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, мақсади асосии “Гуруҳи 24” бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Қувватов ва дигар намояндагони ин гуруҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёна (экстремистидошта)-и худ мардуми Тоҷикистонро ба бетартибиҳои оммавӣ, рӯирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд.