Боздошти директор барои “долябандӣ”-и тобеинаш
Мақомоти пулиси вилояти Суғд аз боздошти як мансабдори Оҷонсии “Тоҷикстандарт” хабар дод, ки аз тобеинаш ҳар моҳ “доля” ё худ пора мегирифтааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод боздоштшуда, Мамадов Фариддуни 34-сола мебошад, ки ба ҳайси директори Маркази ташхиси минтақавии шаҳри Конибодом фаъолият кардааст: “Зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки Мамадов аз зердастонаш, сардорони шӯъбаҳои маркази мазкур ҳар моҳ аз 600 то 700 сомонӣ ба сифати пора талаб кардааст.”
Мақомоти пулис мегӯяд, 28-уми январи соли 2015 Мамадов дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 500 сомонӣ аз кормандонаш С.Б. ва Э.И. дастгир гардид: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.”