Кабирӣ: Тибқи нақшаҳо ҲНИТ бояд то 1 март фалаҷ мешуд
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар мулоқот бо фаъолони ҳизбаш дар бораи нақшаи фалаҷкунии ҲНИТ то интихобот, суолҳои душвори комиссияҳои интихоботӣ, гузоришҳои дурӯғ ба Президент ва як моҳи душвор барои наҳзатиҳо суҳбат кард.
Кабирӣ дар ин мулоқот, ки имрӯз, 3-юми феврал бо ҳузури беш аз 1000 фаъоли ҲНИТ баргузор гардид, изҳор доштааст, ки “тибқи маълумоти дақиқ дар доираи як барномаи сесола ҲНИТ бояд то интихоботи парлумонии 2015 фалаҷ карда мешуд ва дигар қудрати дар интихобот ширкат карданро намедошт.”
Ба иттилои Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, раҳбари наҳатиҳо дар суханронияш ба қайд нагирифтани бархе номзадҳояшонро дар маҳалҳо низ ба ҳамин барнома рабт додааст: “Зеро агар номзадҳои мо сабти ном шаванд, ҳатман аз мақомот суол карда мешавад, шумо чи гуна ба мо гузориш додед, ки дар ноҳияи фалон ҲНИТ дар натиҷаи барномаи сесолаи мо аз кор монд, фалон миқдор аъзои ҳизбро берун кардему фалон миқдор нафарашро зиндонӣ кардем ва инқадар фаъолиятҳои таблиғотӣ кардем, ки таъсир расонд, вале имрӯз Ҳизби наҳзати исломӣ фаъолият карда истодаасту номзад пешниҳод мекунад ва гурӯҳи таблиғӣ дорад. Барои ин ки таноқуз ба вуҷуд наояд, онҳо талош карда истодаанд, ки номзадҳои моро бо ҳар баҳона сабти ном накунанд.”
Раис ҲНИТ инчунин аз имтиҳони комиссияи интихоботӣ нагузаштани номзадашон дар Данғара, Хол Камолов, зикр карда, афзуд, мақомот баъзан бо сабабҳои хандаовар номзадҳоро сабт намекунанд: “Як нафаре, ки аз модари тоҷик таваллуд шудаасту дар Тоҷикистон зиндагӣ кардааст ва ғайр аз забони тоҷикӣ ягон забони дигарро намедонад, имрӯз имтиҳон мегиранд ва мегӯянд, ки аз забони тоҷикӣ нагузашт. Яъне ӯ 80 сол бо хонаводаву ҳамсоягонаш зиндагӣ кардааст ва бештар аз 30 сол собиқаи корӣ дар мактаб дорад, пас ӯ бо шогирдонаш бо кадом забон суҳбат кардааст? Ин муаллим дар муқобили аъзои комиссия натавонист исбот кунад, ки забони тоҷикиро медонад. Ин хеле тааҷҷубовар аст. Агар ягон баҳонаҳои мантиқӣ пайдо мекарданд, мо чандон нороҳат намешудем, вале вақте ки масхара мекунанду ба номзадҳои маҳаллие, ки сокинони рустоӣ ҳастанд, савол медиҳанд, ки моддаи 2-и Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатӣ” чӣ мегӯяд? Агар аз 62 вакили кишвар моддаи 1, 2 ва 3-и қонуни ҶТ ”Дар бораи забон”-ро пурсед, оё медонанд? Шахсан аз ман, ки ҳамин қонунро қабул кардам, пурсед дар ёдам нест ва намедонам. Чӣ гуна аз як номзади маҳҳалӣ ингуна суол карда мешавад? Ҳол он ки он дар қонун нест.”
Муҳиддин Кабирӣ илова намуд, ки шикоятҳо дар робита ба интихоботи парлумонӣ рӯзафзунанд ва ҲНИТ ҳамчун як ҳизби сиёсии қавӣ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон, бояд тасмимҳоеро бигирад: “Ин миллат милати ҳама ҳаст ва ин Ватан низ Ватани ҳама аст. Гоҳҳо мешавад, ки аз бетафовутӣ ва хомӯшии мо вазъият бадтар ва вахимтар мешавад. Чун он тарафи дигар шояд, ки хабар надошта бошад, ки дар минтақаҳо вазъият чи гуна аст ва шояд ба Президент гузориш медиҳанд, ки сад дар сад вазъияти комиссияи интихоботӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар чорчӯби қонун аст ва амру супоришҳои Президент риоя шуда истодаанд. Агар чунин гузоришҳо ба боло рафта бошад, пас бояд ниҳодҳое мисли ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳои хабарӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мушкилотро бозгӯ кунанд ва ба масъулини боло бирасонанд, ки вазъият на он таврест, ки баъзан гузориш дода мешавад.”
Дар ниҳояти мулоқот раиси ҲНИТ таъкид кардааст, ки “бисёр диламон мехост, ки КМИР як ниҳоди пурқудрат бошад ва интихоботро аз аввал то охираш назорат кунад ва масъулияташро тибқи қонун ва иродаи миллат дуруст анҷом бидиҳад ва аз Президент шурӯъ карда, то вазиру депутат ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар масъалаи интихобот тобеъи қонун ва амру супоришҳои КМИР бошанд.”