Тағйироти кадрӣ: Таъини вазирону раисони нав дар Тоҷикистон(АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як қатор фармон бархе вазирон ва раисони ноҳияҳои кишварро иваз намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Неъматулло Ҳикматуллозодаро вазири нави рушди иқтисоду савдо ва Шералӣ Ганҷалзодаро вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин намудааст.
Шариф Раҳимзода, собиқ вазири рушди иқтисод ва савдо ва Хайрулло Асозода, собиқ вазири нақлиёт аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба ҳайси номзад ба парлумон пешниҳод шуда, ба ин далел аз мақомҳояшон барканор гардиданд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, инчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Хайрулло Амонулло иҷрокунандаи раиси шаҳри Кӯлоб, Наим Набизода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, Умар Ёқубзода, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, Рустамбой Ҷураев, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ғончӣ, Ислом Шафиев, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент таъин шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур инчунин Пӯлод Сафарзода сардори идора-сармуҳосиби Ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдумансур Саторов директори маҷмааи давлатии Кохи Борбади Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои навтаъинро ба кори пурсамар ва хизмати софдилонаю содиқона ба халқу ватан ҳидоят намуд: “Аз ҷумла дар назди вазирони нави иқтисоду савдо ва нақлиёт доир ба андешидану амалӣ намудани чораҳои зиддибӯҳронӣ ва ба анҷом расондани раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Ба роҳбарони нави шаҳру ноҳияҳои номбурда бештар доир ба ҷалби васеи мардум ба корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва пешгирӣ аз гароидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ супоришҳо дода шуд.”
Раисиҷумҳур таъкид намудаст, ки ҳар як роҳбар ва ҳар як ходими давлатию ҷамъиятӣ барои таъмини рушди босуботи кишвар ва ҳифзи оромию осоиши зиндагии мардум масъул аст.