Ибни Сино: Ёрии таъҷилӣ 24 соат ва бе истироҳат фаъолият мекунад
90 дарсади маризони бемористони Ибни Сино аз хидмати бахши Ёрии таъҷилӣ истифода мебаранд. Дар ин бора аз бемористони мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, бештар беморони сармохӯрдагӣ, фишорбаландӣ, нафарони маҷрӯҳ ва шахсоне, ки таби баланд доранд ё аз ғизо заҳролуд шудаанд, дар муддати то 6 соат дар Ёрии таъҷилӣ ташхису табобат гирифта, мувофиқи тасмими пизишк ба бахшҳо мунтақил ва ё мураххас мешаванд.
“Бахши Ёрии таъҷилӣ 24 соат дар рӯз бидуни истироҳат фаъолият карда, доим бо пизишкони навбатдор ва кормандони таълимдида таъмин мебошад. Инчунин мошини Ёрии таъҷилӣ низ аз ҷузъҳои бахши Ёрии таъҷилӣ буда, барои расонидани маризони вазнин омодааст. Худи мошин ҳам бо таҷҳизоти ҳаётнигоҳдоранда муҷаҳҳаз буда, ба иборае беморхонаи сайёр мебошад”,-меафзояд сарчашмаи хабар.
Манбаъ мегӯяд, бахши Ёрии таъҷилӣ аз дорувориҳое, ки худи бемористон ворид мекунад ва василаҳои масрафии якмасрафа таъмин аст, ки кафолати пешгирӣ аз сироят ва таъмини сифати баланди табобатро медиҳанд: “Инчунин озмоишгоҳи замонавии муҷаҳҳаз ва дастгоҳҳои рентгену томограф аз хадамоте мебошанд, ки пизишки Ёрии таъҷилӣ фаровон аз онҳо истифода мекунад”.