Супоришҳои Убайдуллоев барои нигоҳубини роҳҳои мошингард
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо баргузории як ҷаласаи кории васеъ масоили марбут ба нигоҳубини роҳҳои мошингарду пиёдагарди пойтахтро баррасӣ карда, барои ҳалли мушкил ба масъулин супоришҳо низ додааст.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори пойтахт дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷаласаи мазкур масоили нигаҳдошти хиёбон, кӯчаю роҳҳои нақлиётӣ, маҳаллагузар ва пиёдароҳҳо аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо ва дар ин ҷода ҷалби зарфиятҳои соҳибкорон ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ матраҳ шуда, ба масъулини супоришҳо дода шудааст.
Ба гуфтаи сухангӯи шаҳрдории Душанбе, Убайдуллоев дар ин ҷаласа низ фаъолияти шабонарӯзии ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ оид ба зимистонгузарониро баррасӣ кардааст. “Сарфаву сариштакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда дар шаҳр, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ дар шаҳр, бахусус дар муассисаҳои томактабӣ, таълимию тандурустӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ, вусъати ҷараёни ниҳолшинонию хуррамгардонии марзи маъмурии шаҳр ва омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ низ аз мавзуъҳои баррасӣшуда мебошанд”,- афзуд оқои Саидов.
Инчунин, бо иштироки тарроҳон ва роҳбарони субъектҳои саноати дӯзандагии пойтахт масъалаи таъмини рақобат ва бо роҳи пешниҳоди моли хушсифат ба даст овардани боварии истеъмолкунандагони шаҳр густариши истеҳсоли сару либоси мактабӣ барои эҳтиёҷоти мактабиён ва либосҳои шинами корӣ барои кормандони дигар соҳаҳои хоҷагидории шаҳр низ муҳокима шудаанд.