Баҳси натоиҷи музокироти сиёсии ИА ва Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Тойво Клаар, раҳбари Шӯъбаи Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба равобити сиёсӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ВУХ-и кишвар, вохурии Аслов бо Клаар рӯзӯи 2 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Дар ин дидор, тарафҳо “доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла натиҷа ва хулосаҳои музокироти сиёсӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва равандҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба, амният ва масъалаҳои муҳимми минтақавӣ, омодагии кишвар ба интихоботи парлумонӣ, масъалаҳои обу энергетика ва дигар масъалаҳоро” баррасӣ кардаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар мегӯяд, дар вохурии вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо раҳбари Шӯъбаи Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба равобити сиёсӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Хидайет Бишевич, сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе низ иштирок дошт.