Пажуҳиш: Ҷанги “Давлати исломӣ” бузургтарин баъди ҶБВ аст
Маркази байналмилалии мутолеоти ифротгароӣ ва хушунати сиёсӣ бо нашри як гузориш теъдоди ҷангиёни хориҷии ҷонибдори «Давлати исломӣ”-ро дар Ироқу Сурия бештар аз 20 ҳазор ҳисоб кардааст.
Дар гузориш омадааст, ки ҳодисаи Ироқу Сурия баъд аз соли 1945 бузуртарин даргириест, ки ҷангиёни хориҷӣ аз кишварҳои исломӣ дар он иштирок мекунанд. Ин гузориш шумораи ҷангиёни хориҷиро дар сафи гуруҳи “Давлати исломӣ” ҳатто аз ҷангиёни ҳаводиси солҳои 1980-и Афғонистон, ки теъдодашон 20 ҳазор ҳисоб шудааст, бештар медонад.
Дар қисмати дигари ин гузориш афзоиши ҷангиёни “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои Аврупо таъкид шудааст.
Тибқи омори гузориши Маркази байналмилалии мутолеоти ифротгароӣ ва хушунати сиёсӣ шумораи ҷангиёни Фаронса дар сафи “Давлати исломӣ” аз 412 ба 1 ҳазору 200 расидааст. Шумори ҷангиёни Белгия аз 296 ба 440 нафар расидааст, ки барои ин кишвари камаҳолӣ зиёд арзёбӣ шудааст. Тибқи ин гузориш шумори ҷангиёни олмонӣ дар гуруҳи “Давлати исломӣ” ба 600 нафар расидааст.