Ҳалокати 5 нафар дар садамаи шоҳроҳи Душанбе-Чанноқ
Дар пай як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ 5 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин сониҳа 30 январи соли равон, тахминан соати 23:00 ба вуқӯъ пайвастааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хингчианг” -- Аҳмадхон Олимови 38-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили роҳ мебарояд ва ба автомшинаи тамғаи “Хонда CR-V”, таҳти идораи ронанда Азим Холов (соли таваллудаш 1959), сокини шаҳри Душанбе бармехӯрад: “Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Хонда CR-V” Азим Холов ва мусофирони автомашинаи мазкур - Барот Рабиев (соли таваллудаш 1975) сокии ноҳияи Вахш, Фатҳулло Ҷӯраев, (соли таваллудаш 1980) сокини ноҳияи Исфара, Боймурод Мирзоев (соли таваллудаш 1958) ва Диловар Масаидов (соли таваллудаш 1984), сокиинони шаҳри Хуҷанд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.