Боздошти Буриев бо 4 кило “борут”-у “порох”
Зафар Буриев, як сокини 35-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани моддаҳои тарканда муттаҳам мешавад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳяия Сино-1, рӯзи 1 феврал зимни гузаронидани як амалиёт аз Зафар Буриев як зарфи пластмасии 1,5 литра, ки дохилаш хокаи торик будааст ва 2 селофани рангаш сиёҳу кабуди ҳомили ҷисмҳои кулухмонанд, дарёфт кардаанд: “Тибқи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-криминалистии ВКД маводи гирифташуда, маводҳои таркандаи “борут”, “порох” буда, вазнашон 4 килою 254 граммро ташкил медиҳад, ки барои истифодабарӣ коршоям мебошанд”.
Манбаъ мегӯяд, нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.