Туман кори фурудгоҳи Душанберо халалдор кард
Дар пайи тумани ғафс, ки субҳи имрӯз, 2 феврал фазои фурудгоҳи Душанберо пӯшонд, ҷадвали парвозҳо тағйир хӯрдааст.
Бино ба иттилои Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, “ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои Самара-Душанбе (рейси №254) ва Истамбул-Душанбе (рейси №2927) алъон аз фурудгоҳҳои худ парвоз накарда, интизори хуб шудани ҳавои фурудгоҳи Душанбеанд”.
Ӯ мегӯяд, “ба қавли мутахассисон дар хати нишасту парвози фурудгоҳи Душанбе сатҳи биноӣ наздик ба 200 метр аст, ки ин дараҷаи биниш имкони фурудоӣ ва парвозро маҳдуд месозад”. Оқои Шодиев меафзояд, ҳавопаймои рейси №201 -- Душанбе-Москва барои парвоз омода аст, аммо иҷозаи парвоз дода нашуд, “бо андаке пароканда шудани туман парвоз амалӣ мегардад. Мусофирони рейси мазкур мушкиле надоранд, аллакай расмияти фурудгоҳиро гузашта, дар ҳавопаймо интизори парвозанд”.
Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносон мегӯянд, чунин ҳаво дар фазои фурудгоҳи пойтахт то як соати дигар боқӣ хоҳад монд.
Акс аз М. Шодиев