Тавре аз маркази матбуотии агентии мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, ҳамчунин дар ин баробар беш аз 141 тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 19,2 тонна маҳсулоти гуштӣ, беш аз 70 тонна равғани растанӣ, 93,3 тонна меваю сабзавот низ ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набудаанд. Ин миқдор маҳсулоти ғайристандартиро тибқи тартиби муайяншуда аз нав коркард ва қисман нобуд кардаанд. Бахтиёр Шукуров, директори агентии Тоҷикстандарт дар робита гуфт, ки бо мақсади такмил додани тартибу корбурди санҷиши маҳсулот, дар соли ҷорӣ дар агентӣ ду методи нави стандартонидашудаи санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқ бо истифодаи таҷҳизоти замонавии нишондиҳандаашон дақиқ ҷорӣ карда шуд. «Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки вақту мӯҳлати санҷишҳо 2-3 маротиба кӯтоҳ карда шаванд ва ҳамзамон барои сари вақт ва таъҷилан барасмиятдарории дархостҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ мусоидат менамоянд»,-афзуд номбурда. Ба қавли Бахтиёр Шукуров дар якҷоягӣ бо мақомоти гуногун ва намояндагони ВАО маҳсулоти мӯҳлати истеъмолашон гузашта, аз қабили миқдори зиёди консерваи моҳӣ, хамираи помидор (томат паста) ва пиёз, ки дар натиҷаи санҷиш аз муомилот гирифта шуда буданд, нобуд карда шуданд.{jathumbnail off}