Нимаи авали имрӯз дар пойгоҳи низомии донишкадаи ҳарбии вазорати мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони низомӣ, ё худ гурӯҳҳои фаврии сохторҳои қудратӣ, бевосита қӯшунҳои сарҳадӣ, гвардияи миллӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва дигар мақомотҳои қудратии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва ИМА машқу тамринҳои низомии техногенӣ анҷом доданд. Полковник Саидулло Додохонов, намояндаи ҳайати низомии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, мақсади тамринҳои муштарак дар дастгоҳҳои компютерӣ ҷо кардан ва ба таври фаврӣ ва дар ҳамоҳангӣ рафъ намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ, пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марз ва сари вақт расонидани кӯмаки моддиву молиявӣ ба осебдидагон аз офати табиӣ дар сурати эҳтимолан рух додани он мебошад. Генерал лейтинант Яландар Шоҳ, намояндаи ҳайати низомии Афғонистон иброз дошт, ки дар ин тамринҳо 15 нафар аз ҳайаатҳои низоми давлати исломӣ ширкат карданд ва кори ба ӯҳдадоштаи хешро ба анҷом мерасонанд. Ҷаноби Яландар гуфт: «Мо аз мизбонии кишвари бисёр дӯст ва бародарамон Тоҷикистон махсусан вазорати дифои ин кишвар розӣ ҳастем ва бисёр ташакур мегӯем».
Гуфтанист, машкҳои мазкур то 27-уми сентябри соли ҷорӣ идома хоҳанд ёфт.
Ёдовар мешавем, силсилаи чунин машқҳои муштарак дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шудаанд. Тоҷикистон 2009 низ мизбони тамринҳои муштарак буд.{jathumbnail off}