Ҷаҳиши қурби доллар ва уфти рубли русӣ дар Тоҷикистон
Қурби як доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон аз ҳадди 5,70 сомонӣ гузашта, имрӯз, 30-юми январ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ивази 5,71-5,73 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Харидорони доллар мегӯянд, гарчанде дар нуқтаҳои саррофӣ арзиши 100 доллар 573 сомонӣ нишон дода шудааст, аммо аксари саррофон зимни фурӯш барои 100 доллар беш аз 574-576 сомонӣ талаб мекунанд.
Ҷаҳиши қурби доллар дар ҳолест, ки қурби рубли русӣ дар кишвар майли поёнравӣ дорад. Арзиши 1000 рубли русӣ, ки ҳафтаи гузашта ба 88 сомонӣ баробар шуда буд, имрӯз, 30-уми январ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе аз 80 то 83 сомониро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки 20-уми январи соли равон Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар мавриди дурнамои қурби асъори хориҷӣ дар кишвар гуфт, ки пешгӯии он душвор аст. Ба гуфтаи ӯ қурби асъор дар бозори нақди кишвар аз омилҳои берунӣ, аз ҷумла нархи нафт ва буҳрон дар кишварҳои шарики Тоҷикистон, аз ҷумла Русия вобастагӣ дорад: “Пешгӯии дарозмуддат кори душвор аст ва ҳатто кишварҳои Аврупо наметавонанд, дурнаморо дақиқ пешгӯӣ кунанд.”