17 миллион зарари буҷа аз бахшиши қарзи “Тоҷик Эйр”
Ширкати “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, ҳукумати кишвар қарзи беш аз 20 миллионии “Тоҷик Эйр”-ро аз эътибор соқит кард.
Аловиддин Сатторов, раиси “Тоҷиксуғурта” имрӯз, 30 январ дар нишасти хабарии созмонёфтае дар Душанбе гуфт, ҳукумати ҷумҳурӣ 25 миллион қарзи ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр”-ро аз эътибор соқит намуд. Ӯ афзуд, аз ин ҳисоб буҷаи кишвар 17 миллион сомонӣ зарар дид, “зеро 70 дарсади маблағи суғурта ба буҷа равона мешавад”.
Номбурда иброз дошт, қарзи зиёди “Тоҷик Эйр” аз ҳисоби пардохт накардани маблағест, ки аз ҳисоби чиптаи мусофирон бояд ҷудо шавад. Тибқи қарори №25 аз соли 1999, ду дарсади маблағи чиптаи ҳавопаймоӣ, ки мусофирон мехаранд, ба суғурта мегузарад. Раиси “Тоҷиксуғурта” таъкид намуд, дар пайи напардохтани маблағ дар ҳолати рух додани ягон ҳодиса онҳо кафолати пардохти суғуртавиро намедиҳанд. Аловиддин Сатторов мегӯяд, қарори №25 то имрӯза аз эътибор соқит нашуда, мебоист “Тоҷик Эйр” ва дигар ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз қабили “Сомон Эйр” ва “Ист Эйр” маблағҳои суғуртавиро мепардохтанд, “лекин онҳо бо далели он ки ин қарор ба қонуни фазо, Кодекси ҳаво, Кодекси шаҳрвандӣ мухолифат мекунад, маблағро пардохт накарда истодаанд. Вале раҳбарияти “Тоҷик Эйр” пешниҳод кардааст, ки қарор аз эътибор соқит шавад”.
Ӯ меафзояд, ки инчунин пешниҳод шудааст, то суғуртаи ҳатмии мусофирон комилан аз байн бардошта шавад: “Баъзе аъзоёни ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, қарори мазкур ба баъзе қонунҳо мухолифат мекунад, ҳар хел сабабҳо пеш меоранд. Бигузор ҳуқуқшиносони мо ва Вазорати адлия қарорро ба қонун мутобиқ кунанд, ба ҷои онро аз эътибор соқит кардан. Баъзан гуруҳҳое ҳастанд, ки чунин корро мекунанд, ҳам қарзро намедиҳанд ва ҳам имрӯз тамоми намуди суғуртаи давлатӣ аз байн меравад, соҳа аз байн рафтанаш мумкин”.
Раиси “Тоҷиксуғурта” гуфт, дар раёсати ҳукумат ҳам гуфтааст, бо аз эътибор соқат кардани ду-се намуд қароре, ки дар ин соҳа аст, корхона барҳам хурда, ҳудуди беш аз ҳазор нафар бе ҷои кор хоҳанд монд. Ба гуфтаи ӯ, мардум имрӯз ба “Тоҷиксуғурта” умеду боварӣ доранд ва ҳамин эътимоди мардум аст, ки ҳоло маблағҳои ҳаққи суғуртавиро ба 65 миллион сомонӣ расонидааст.