Раиси “Тоҷиксуғурта” Ҳаёти Суҳроб Шарипов суғурта шуда буд
Аловиддин Сатторов, раиси ширкати давлатии “Тоҷиксуғурта” мегӯяд, хонаводаи марҳум Суҳроб Шарипов ҳақ доранд, аз корхонаи зертобеаш маблағи суғуртаи ин вакили парлумонро дастрас кунад.
Сатторов дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, ба хонаводаи Шарипов ба сифати маблағи суғурта дар ҳаҷми 8 маоши ин вакили парлумон пардохт хоҳад шуд: “Аммо то ҳол аз наздикони Шарипов ба мо муроҷиат накардаанд. Агар онҳо муроҷиат ҳам накунанд, мо худамон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунем ва ин маблағро пардохт хоҳем кард.”
Масъулини “Тоҷиксуғурта” мегӯянд, ба хонаводаи вакилони дигари марҳум аз ҷумла Амир Қароқулов ва Хадича Ҳакимова то ҳол маблағи суғурта пурра пардохт шудааст.
Суҳроб Шарипов, раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон 18-уми январи соли равон дар синни 52-солагӣ дар бахши амрози қалбии беморхонаи Қарияи Боло даргузашт.
Шарипов муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ буда, даҳҳо мақолаи илмӣ ба қалами ӯ рабт дода мешавад. То кунун дар мансабҳои гуногун, аз ҷумла мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар кор кардааст. Номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ буд ва дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким аз ҳавзаи рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба вакилӣ пешбарӣ шуд.