(ВИДЕО) Падари маъюб: Мо 60 сомонӣ гирифта наметавонем, баъзеҳо 18 ҳазор мегиранд
Падари як маъюби гуруҳи дуюм мегӯяд, баъди паёми райисҷумҳур ва нишасти хабарии Агентии зидди фасоди Тоҷикистон, ки дар бораи нафақаҳои маъюбии афроди соҳибмақом гуфта шуд, тасмим гирифт, мушкили писарашро расонаӣ кунад.
Зоҳир Саъдуллоев, як сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди даводавҳои зиёду бенатиҷа барои дарёфти ҳуҷҷатҳое, ки маъюбии писари 23-солаашро тасдиқ кунад, то ҳадде ноумед шуда буд. Аммо пас аз он ки хабар ёфт райисҷумҳур дар ҷаласаи ахир аз ошкор шудани чанд ҳолат, ки мақомдороне бо дуруст кардани санадҳои сохта нафақаҳои ҳангуфт мегиранд, хабар додааст, дубора барои ҳал кардани мушкилаш қасд намуд: “Баъзеҳо то 18 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтаанд. Ба одами солим рост намеояд ин гап. Инро хонда ҳайратзада шудем, ки мо 60 сомонӣ нафақа гирифта наметавонем, аммо баъзеҳо 18 ҳазор сомонӣ мегиранд”.
Баҳси нафақаҳои осмонӣ замоне сар зад, аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури кишвар дар мавриди бо роҳи сохтакорӣ нафақаҳои зиёд гирифтани бархе мансабдорон дар ҷаласаи ахир хабар дода шуд. Ба дунбол, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳодаш аз Наталя Назаршоева, роҳбари "Бонки рушди Тоҷикистон" ва Амонуллоҳ Ҳукуматулло, раҳбари собиқи ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ном бурд, ки тайи чанд соли ахир моҳе беш аз 17 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтаанд.
Абдулло, писари маъюби Зоҳир Саъдуллоев, ки донишомӯзи бахши ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, мегӯяд, пойҳояш танҳо бо 50 дарсади тавоноӣ кор мекунанд ва табибон бемории нимфалаҷ ташхис додаанд. Дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, то 17-солагӣ нафақа дарёфт мекард, аммо баъди он ки барои муолиҷа ва забономӯзӣ Олмон рафт, пардохти нафақаи ӯ қатъ шуд: “Ҳудуди ҳафт моҳ аст, ки ба Ватан баргаштам ва барои барқарорсозии нафақа талош мекунем, аммо бенатиҷа”.
Ин сокини маҳаллаи 82-и пойтахт мегӯяд, барои таҳияи ҳуҷҷатҳо наздики 1200 сомонӣ масраф карда, аммо то ҳанӯз муваффақ нашудааст. Абдулло аз муносибати сард ва дурушти табибон бо корафтодаҳо низ шикоят карда гуфт, “бо беморон муносибатҳое мекунанд, ки ба ақл рост намеояд. Бояд вақте назди духтур рафтӣ, муомилае кунад, ки асаб ором шавад, баръакс абабҳоро хароб мекунанд”.
Ӯ мегӯяд, “ҳуҷҷати асосӣ барои ман ташхис буд, ки онро дар Олмон гузаштам ва духтурон ташхиси дубораро баъди ду сол иҷозат дода буданд, аммо вақте ба Тоҷикистон омадам табибони беморхонаи Қарияи Боло ташхиси Олмонро қабул накарда, гуфтанд, танҳо ташхиси худамонро қабул мекунем. Маҷбур шудам бо масрафи зиёда аз 400 сомонӣ дубора ташхис гузарам”.
Зоҳир Саъдуллоев мегӯяд, ба монанди фарзанди ӯ даҳҳо нафаре ҳастанд, ки ба чунин мушкил рӯбарӯ шудаанд: “Аз масъулин хоҳиш дорем, як шароите фароҳам биёранд, ки маъюбон саргардон нашаванд, тавонанд, ки дар як ҷойи муайян мушкилашонро ҳа намоянд”.