Пешниҳоди мукофот ба наҷотдиҳандагони Юсупов дар Рушон
Як гуруҳ фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пешниҳод кардаанд, ба ду роҳгузаре, ки дар сардии шоми 5-уми январи соли равон ронандаи мошини боркашро аз миёни дарёи Панҷ дар ноҳияи Рушон наҷот додаанд, мукофоти давлатӣ тақдим гардад.
Ба иттилои манбаъ, ҷавонони роҳгузаре, ки шоми 5-уми январи соли равон дар мавзеи Пастхуфи ноҳияи Рушон, Юсупов Бахтиёр, сокини шаҳри Душанберо аз миёни дарёи Панҷ наҷот додаанд, Пулодов Ғолиб Тоҳирович ва Мавлоназаров Ораз Ақназарович, сокинони шаҳри Хоруғ будаанд.
Худи Юсупов қазияро чунин шарҳ додааст: “Тахмин соати 17:00-и 5-уми январ бар асари садамаи нақлиётӣ бо мошини калонҳачми "ФУРА" ба рӯди Панҷ сарозер шудам. Устухони поям лат хӯрда, дар мобайни дарьё тамоми либосхоям ях кард. Маҷоли баромадан надоштам, ки дар ин вақт мошини "МЕРСЕДЕС" аз самти шаҳри Хоруғ омада, ронанда бо хамроҳаш дукаса ҳудро ба дарёи ниҳоят хунук партофта, маро ба соҳил бароварданд. Бо корд либосҳоямро, ки аллакай ях карда буданд, бурида, либосҳои худро дода ба деҳаи наздиктарин - Пастхуф бурданд.”
Юсупов мегӯяд, дар маркази ноҳияи Рушон табобат гирифтааст ва афзудааст, ки як умр пеши ин роҳгузароне, ки дар сардию торикӣ бетарафӣ зоҳир накардаанд, қарздор хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол фаъолони Фейсбук изҳор медоранд, ки барои тарғиби чунин аъмол миёни ҷавонон ва ҳавасманд кардани шаҳрвандон барои кӯмак ба ҳамдигар ба ҷавонони роҳгузар мукофоти давлатӣ пешниҳод карда шавад, чун ин таҷриба дар кишварҳои дигар низ ба таври густурда амалӣ карда мешавад.
Акс аз фейсбук: Ораз Мавлоназаров