Вокуниши А. Саттор, Дустов ва Қаршибоев ба гузориши ТВТ (ВИДЕО)
Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иддаои шабакаи авали телевизиони Тоҷикистонро, ки гӯиё журналистону рӯзномаҳои мустақил ба ивази инъом камбудиҳои шаҳрдории Душанберо сарфи назар мекунанд, “гапи подарҳаво ва тарошаи аз бом ғалтидагӣ” хонд.
Акбари Саттор имрӯз, 29-уми январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳафтае нест, ки журналисту рӯзномаҳои мустақил аз камбудиҳои шаҳри Душанбе матолиби интиқодӣ нашр накунанд: “Як бор саҳифаҳои рӯзномаҳоро варақ зананд ва бинанд. Матолиби танқидии созанда хеле зиёданд. Он, ки гӯиё ягона шабакаи аввал дар ин масъалаҳо даст мезанаду рӯзноманигорони мустақил гӯиё қитъаҳои замину хонаҳо гирифта, хомӯшанд асос надорад. Давоми 9 соли охир, ки ҳамчун раиси Иттифоқи журналистон кор мекунам, ҳаминро гуфтаниям, ки ягон инъом аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ягон журналисти мустақил дода наашудааст”.
Раиси Иттифоқи журналистон илова кард, ки танҳо соли 2007 ё 2008 ҳудуди 7 ё 8 журналист, ки дар қатори дигарон, ҳамчун шаҳрванд ба мақомоти шаҳрдорӣ муроҷиат карда буданд, дар баробари дигар шаҳрвандон дар маҳаллаи Ховарон 3 ҳиссагӣ замин гирифтанд: “Дигар журналистон ягон пул, туҳфа ва ё хонаи муфт аз ҷониби шаҳрдорӣ нагирифтаанд. Қаблан аз ҷониби Иттифоқи журналистон ба шаҳрдорӣ муроҷиат карда будем, ки агар имконият бошад ба журналистон барои хона қарзҳои дарозмуддат дода шавад. Тамоми он нафароне, ки барои тақсимот ва сохтмони хонаҳо дар шаҳри Душанбе машғул ҳастанд, ҷамъ омада, маро даъват карданд ва гуфтанд, ки шаҳрдорӣ наметавонад ва имконият ҳам надорад, ки махсус ба журналистон қитъаҳои заминро диҳад. Инчунин шаҳрдорӣ наметавонад, ки қарзи махсус барои журналистон ҷудо кунад, зеро чунин фондҳо дар Душанбе вуҷуд надоранд”.
Акбари Саттор афзуд, розӣ аст, ки проблемаҳо дар шаҳри Душанбе зиёданд, лекин қабул надорад, вақте рӯзноманигорони мустақилро ба гирифтани инъомҳои шаҳрдории Душанбе муттаҳам мекунанд: “Ман намефаҳмам ин аз кадом сабаб гуфта шудааст. Камбудиро гуфтаанд, кори хуб карданд, аммо номи журналистони мустақилро овардан чӣ зарурат дошт? Монанди тарошаи аз бом афтидагӣ. Мо ҳам журналист ҳастем, дар шабакаи аввал низ аъзои иттифоқи журналистон ҳастанд. Мо эҳтиром мекунем, лекин вақте ки эҳтиром мекунӣ, бояд эҳтиром кунанд. Дидаю дониста ё надониста гӯиё журналистон иъномҳо мегиранд, ин дар доираи ахлоқи журналистӣ нест.”
Саймуддин Дӯстов, раҳбари созмони “Индем”, муассиси рӯзномаи “Нигоҳ”, аз серхонандатарин нашрияҳои мустақил ва оҷонсии “Тоҷнюз” дар шарҳи ин навори шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба “Озодагон” чунин гуфт:
Ҳамчун як сокини Душанбе бар он андешаам, ки интиқоди ТВТ аз фаъолиятҳои шаҳрдории Душанбе хуб аст. Воқеъан, дар пойтахт мушкилот зиёданд ва расонаҳо бояд онҳоро бо факту далел инъикос кунанд. Чаро журналистони расонаҳои ҳукуматӣ, ки корашон тарғиботи то ҳадди ифроти фаъолияту сиёсатҳои ҳукумати феълиянд, бояд дар баробари мушкили роҳҳои таъмирнашуда, тамбашавии мошинҳо, кори номуназзами нақлиёти ҷамъиятӣ, хомӯшии вакилони халқ, фасод дар соҳаи сохтмон, нархҳои осмонии манзил, тоблуву овезаҳои забонашон узбакӣ хомӯш бошанд?! Бигзор инъикос созанд. Ва хуб аст, ки шаҳрдории Душанбе ҳам дар баробари интиқоди ВАО вокуниш нишон медиҳад. Боз ҳам хубтар мешавад, агар ТВТ аз фаъолиятҳои ҳукумати феълӣ ва Президент ҳам интиқод кунанд. Ба асоси Сарқонуни кишвар ва тақозои замону зиндагии имрӯза аз ин ба баъд дар муҳити расонаии Тоҷикистон набояд мавзуъҳои табу ҷой дошта бошанд.
Ба ҳайси як сокини Душанбе ва соҳибрасона ман интизор хоҳам буд, ки Асадулло Раҳмонов ва ТВТ ба аҳдашон вафо мекунанду бо баргузории як тадқиқоти журналистӣ ба мавзӯи “Инъомҳои шаҳрдории Душанбе ба журналистони расонаҳои мустақил” рушанӣ меандозанд. Агар ҳамчунин фактҳо мавҷуд бошанд, яъне агар ба касе қитъаҳои замину хона ё чизи дигар дода бошанд, мардуми кишвар, пеш аз ҳама хонандагону истифодабарандагони ВАО-и мустақил ҳуқуқ доранд, ки дар ин бора донанд.
Агар ин гуфтаҳо ҳақиқат надоранд, пас инро низ мардум бояд донанд ва фаҳманд, ки чаро ТВТ ба ин кор даст зад. Шахсан барои ман, боварии хонанда бениҳоят муҳим аст.
Аммо ба ҳайси коршиноси масоили сиёсӣ бар онам, ки мавзеъгириҳои ахири ТВТ холисона ва беғараз нестанд. Чанд барномаи пеш шояд, аммо на барномаҳои ахир, ки дар прайм-тайм пахш шуданд.
Ба гумони ғолиб, ин барномаҳо барои як кас, барои Президент Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудаанд ва тавассути ҳамин гуна мавзеъгирии бебокона Асадулло Раҳмон мехоҳад ба Роҳбари давлат садоқати бемислу монандашро исбот кунад, зеро муддаи ду курсӣ: Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва Ёрдамчии Президент аст, вагарна ба ҳайси як аъзои номенклаутра ҳамчунин муносибат бо шахси дуюми кишварро, ки рискҳои баланди сиёсӣ дорад, ба худ иҷозат намедод: қонунҳои нонавиштаи номенклатураи аҳди Раҳмонро ин гуна корро ба ҳич кас иҷозат намедиҳад.
Дар низоми мавҷуда, барои танқиди сарсарии як раиси ноҳия ва ё шаҳр иҷозати Мушовири давлатӣ оид ба масъалаҳои кадрӣ ва ё худи Президент лозим аст, чӣ расад ба Раиси шаҳри Душанбе ва ё Раиси Маҷлиси Миллӣ ва он ҳам дар арафаи 63-солагӣ. Вале чи ҳам набошад, умедворам ин қазия ҷомеаи мадании Тоҷикистонро ҳушёртар хоҳад кард.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон низ гузориши шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро ба “Озодагон” шарҳ дода, гуфт:
Аввалан, дар гузориш ягон журналист ё нашрияи мустақилу хусусӣ ном гирифта нашудааст. Дуввум, дар бораи бенавбат гирифтани қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз ҷониби журналистон ягон факт нест. Гирифтани инъом барои хомушӣ - ин маҳсули тахайюли гузоришгари телевизион аст, ки аз ин амалаш бӯи туҳмат меояд. Бигузор таҳқиқоташро гузаронад, пасон дар ин бора ҳарф занад.
Гузориш муғризона навишта шудааст. Чанд сол аст,ки миёни шаҳрдории Душанбе ва Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ низое ҳаст, ки боиси пайдо шудани гузоришҳо ва даъвоҳо нисбати онон мегардад. Эҳтимол меравад, ки дар сар задани ин низоъ омили шахсӣ вуҷуд дошта бошад. Ба мақсадҳои шахсӣ истифода бурдани минбари телевизиони давлатӣ, ки аз буҷа маблағгузорӣ мешавад, хилофи ахлоқи журналистӣ аст. Ҳамзамон ба қазияи ду ниҳоди давлатӣ шомил кардани рӯзноманигорони расонаҳои мустақил ва хусусӣ аз рӯи инсоф нест.
Ин дар ҳолест, ки ахиран шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо нашри як гузориш дар барномаи “Ахбор” журналистон ва рӯзномаҳои мустақилро дар “хушомадгӯйӣ” ба роҳбарияти шаҳри Душанбе муттаҳам кардааст: