Дар ин бора ба «Озодагон», як масъули вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин биржа ба пахтаи Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон котировка намедиҳанд, ки дар натиҷа харидорон бо иллати аниқ набудани нарх аз «тиллои сафед»-и Осиёи Миёна даст мекашанд.
Ба гуфтаи сарчашмаи хабар яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани ин ҳолат ба истифодаи меҳнати кӯдакон, зимни ҷамъоварии пахта дар Осиёи Миёна рабт дорад. Тибқи иттилои Ташкилоти байналмилалии меҳнат, ҳамасола ҳудуди 40 фоизи ҳосили пахтаи Тоҷикистонро кӯдакон ҷамъоварӣ мекунанд. Ба гуфтаи масъулини ин ташкилот шумораи кӯдакони ба ҷамъоварии пахта ҷалбгардида, дар ноҳияҳои Тоҷикистон аз 20 то 72 дар садро ташкил медиҳад.
Бо ҳамин далел ахиран, 60 ширкати маъруфи ҷаҳон, аз ҷумлаи «Adidas Group», «Puma», «Burberry» ва ғайра аз харидории пахтаи Осиёи Миёна даст кашидаанд.
Коршиносони Тоҷикистон, ин ҳолатро бозии ширкатҳои бузург меноманд, ки ба ҳамин восита мехоҳанд пахтаро бо нархи арзон дастрас намоянд.{jathumbnail off}