Пан Ги Мун Қирғизистонро аз ҳаққи раъйдиҳӣ дар СММ маҳрум кард
Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Қирғизистонро аз ҳаққи раъйдиҳӣ дар ин ниҳодӣ ҷаҳонӣ маҳрум кардааст.
Ӯ дар номаи худ далели ин қарори худро пардохт нашудани ҳаққи узвият аз сӯи Бишкек дар СММ арзёбӣ кардааст. Ба гуфтаи Пан Ги Мун, қарори маҳрумшавии Қирғизистон аз ҳаққи раъйдиҳӣ дар асоси моддаи 19-и низомномаи СММ гирифта шудааст.
Бар асоси моддаи 19-и Низомномаи СММ кишваре, ки ҳаққи узвияташ пардохт карда нашавад, аз ҳаққи раъйдиҳӣ дар Маҷмааи умумии СММ маҳрум хоҳад шуд.
Инчунин дар баробари Қирғизистон, Сомалӣ, Македония, Ҷазираҳои Моршол ва Гренада аз ҳаққи овоздиҳӣ дар Маҷмааи умумии СММ маҳрум карда шудаанд.