ВИДЕОИ ТВТ: Журналистони мустақил барои хомӯшӣ инъом мегиранд!
Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо нашри як гузориш дар барномаи “Ахбор” журналистон ва рӯзномаҳои мустақилро дар “хушомадгӯйӣ” ба роҳбарияти шаҳри Душанбе муттаҳам кардааст.
Дар гузориши ТВТ, ки ахиран пахш гардид, таъмиру бозсозӣ нашудани бархе аз роҳҳои пойтахт баррасӣ шуда, таъкид гардидааст, ки “ҳамаи ин мушкилотро танҳо шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон рӯи навор оварда, масъалагузорӣ мекунад, ки ҳадафи он ислоҳ аст. Бо ном рӯзномаҳои мустақилу шахсӣ, ки бо тиражи зиёд ба нашр расида, ба таърифи шаҳрдорӣ машғуланд, ҳақиқати воқеии зикргардидаи моро нодида гирифта, ғайриобъективона инъикос мекунанд.”
ТВТ таъкид кардааст, ки "мавзӯи таҳқиқоти журналистии оянда аниқ аст, ки кадом журналистҳои мустақил нисбат ба проблемаҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ошкорбаён ва проблемаҳои шаҳри Душанберо нодида мегиранд? Зеро онҳо барои лаб ба хомӯшӣ задан дар баробари бенавбат гирифтани қитъаҳои замин аз ҳукумати шаҳри Душанбе боз чӣ инъомҳо мегиранд? Ин мавзӯи гузориши дигар аст.”
Тибқи гузориши ТВТ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола барои таъмири роҳҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо мешаванд, аммо роҳбарияти ҳукумати Душанбе ба вазъи роҳҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир накардааст. Инчунин ТВТ саҳми соҳибкоронро дар таъмири роҳҳои навоҳии Тоҷикистон зикр карда, суол гузоштааст, “ку соҳибкороне, ки дар Душанбе бинои аз 10 ошёна зиёд сохта, миллионҳо доллар фоида ба даст меоранд? Фоидаи онҳо куҷо меравад, ки ҳамагӣ чанд километр роҳро дар пойтахт таъмир намекунанд?”
Ин гузориш ҳамагӣ баъди чанд рӯзи баҳси дигарбора миёни шаҳрдории Душанбе ва Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон нашр шуд.
Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон 9 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ягон хел маъракаи супоришии танқидӣ алайҳи шаҳрдории пойтахт вуҷуд надорад ва шабакаҳои телевизион танҳо рисолаташонро иҷро карда, камбудиҳоро гуфта истодаанд. Ӯ таъкид намуд, тамоми маводи интиқодӣ, ки аз шаҳри Душанбе таҳия шудаанд, асоси воқеӣ доранд: “Чанд бор хостанд барои маводи танқидӣ моро ба суд диҳанд. Аммо маводи таҳиякардаи телевизион дар асоси далел пешниҳод шуда буд. Ин ҷо ғаразу супорише нест. Ҳар кас чӣ фикре дорад ба виҷдонаш ҳавола мекунем. Мо гуфтани мушкилоту проблемаҳоро идома хоҳем дод. Хабарнигорҳои мо мехоҳанд пойтахтро намуна бинанд ва мушкилоту камбудиҳоро ба раисони ноҳияҳо ва шаҳрдор бирасонанд.”
Аммо Руқия Қурбонова, собиқ ноиби сарвазир ва муовини феълии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе иддаои “беғаразӣ”-и Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизионро “хандаовар” хонда, раҳбарияти ин Кумитаро дар беҳурматӣ нисбат ба судҳои Тоҷикистон муттаҳам мекунад. Дар матлабе, ки рӯзи 14-уми январ зери имзои Руқия Қурбонва ба унвонии “Озодагон” ворид шуд, таъкид шудааст, шаҳрдорӣ ҳамеша ҷонибдори воқеиятнигорӣ ва эроду танқидҳои созанда, ки беғараз, дар заминаи касбият таҳия гардидаанд, ҳаст ва хоҳад монд: “Аммо дар дигар ҳолат, табиатан, ҳарзагӯиҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад.”