Ализода: Марги Зиёдбек ба мо як ҳушдор буд (ВИДЕО)
Зариф Ализода, омбудсмен ва ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, марги Ҷӯраев Зиёдбеки 17-сола, хонандаи мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкаловро як ҳушдор хонд.
Ализода рӯзи 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “ин ҳодиса барои мо як ҳушдор буд, то дар оянда зимни санҷишу тафтишоти чунин муассисаҳо ба таъминоту шароити муҳассилин таваҷҷуҳи бештар диҳем.”
Ӯ гуфт, соли гузашта корманди ниҳодаш аз мактаб-интернати шаҳри Чкалов боздид карда буданд: “Вазъи интернат бисёр ташвишовар нест. Албатта буданд, баъзе камбудиҳо, аз ҷумла иморат куҳна буд, калону майда якҷо нигоҳ дошта мешуданд. Мо барои беҳбуд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ пешниҳод карда будем.”
Омбудсмени тоҷик афзуд, дар робита ба қазияи латукӯби ноболиғон Исоев Эраҷи 16-сола ва Ҷӯраев Зиёдбеки 17-сола, хонандагони мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов дар бозори "Назари Нек", ки бо марг анҷомид, алайҳи се нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, раҳбари интернат аз вазифааш барканор гардид: “Се нафар дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки бо марг анҷомид айбдор мешаванд.”
ВИДЕОИ суҳбати Ализода дар бораи марги Зиёдбеки 17-сола
Ин дар ҳолест, ки мақомоти пулиси вилояти Суғд рӯзи 17 январи соли равон аз ҳалокати як ноболиғи хонандаи мактаб-интернат хабар доданд, ки дар пайи латту кӯби директор ва муҳофизони бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷон додааст.
Манбаъ гуфт, тахминан соати 01:30-и 15-уми январ ноболиғон Исоев Эраҷи 16-сола ва Ҷӯраев Зиёдбеки 17-сола, хонандагони мактаб-интернати бачагонаи шаҳри Чкалов ба маркази савдои "Сабрина", воқеъ дар бозори "Назари Нек"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, бо роҳи шикастани дари мағозаи хӯрокворӣ, аз хазинаи он 386 сомонӣ маблағи пулиро гирифтаанд: “Ноболиғон аз ҷамъшавии кормандони бозор огоҳ шуда, барои ба дасти онҳо наафтидан ба дохили анбори мағоза даромада, дари онро аз дохил маҳкам мекунанд ва пинҳон мешаванд.”
Ба гуфтаи пулис, директори бозори «Назари Нек», Ҷӯраев Рустамҷони 39-сола бо ду корманди дигари ин бозор - Юсуфов Бобурҷони 29-сола ва Файзиев Аҳлиддини 37-сола ноболиғонро аз дохили анбор бароварда, бо истифода аз мушту лагад ва пояи мизи пластмассӣ онҳоро зери лату кӯб қарор додаанд: “Дар натиҷа, ноболиғ Ҷӯраев Зиёдбеки 17 сола, ки ятим будааст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ноболиғи дигар Исоев дар беморхона бистарӣ гардидааст.”
Рустам Ҷӯраев, директори бозори “Назари Нек” феълан ба айби худ иқрор карда, гуфтааст, сахт пушаймон аст. Ӯ зимни барномае тавассути телевизиони "Симои мустақали якуми Хуҷанд" изҳор дошт, ин амал барқасдона не, балки тасодуфӣ буда, фикр мекарданд, ин ду ноболиғ дузди ҳирфаӣ мебошанд: “Худамонро идора карда натавонистем ва ҳама каса онҳоро латту кӯб кардем. Аз ин кори кардаи худ сахт пушаймон ҳастем.”