АКС: Қадрдонии кормандони Интерполи Тоҷикистон аз сӯи Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 28 январ зимни таҷлил аз 10-солагии Бюрои марказии миллии “Интерпол”, ба фаъолияти ин марказ баҳои баланд додааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Рамазон Раҳимзода гуфтааст, фаъолияти Бюрои марказии миллии “Интерпол” тайи ду-се соли охир ҷоннок гардида, кормандони бюрои мазкур дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дастгир намудани шахсони дар кофтуковбуда саҳми назаррас доранд. Манбаъ мегӯяд, вазир иброз доштааст, айни ҳол кормандони Бюро бо тамоми шароитҳои зарурии хизматбарӣ ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидаанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, Бюрои марказии миллии “Интерпол” давоми фаъолияташ зиёда аз 2500 шахси дар кофтуковбударо дастгир намудааст: “Ҳамасола зиёда аз 2000 дархост аз Бюрои марказии миллии Интерполҳои давлатҳои аъзои “Интерпол” ворид мегардад”.
Бино ба иттилои манбаъ, ба муносибати ҷашн кормандони собиқадори ин сохтор, бо фармони Рамазон Раҳимзода бо нишони “10-солагии Бюрои марказии миллии “Интерпол”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон” қадрдонӣ шудаанд: “Аз ҷумла генерал-майор Искандар Солеҳзода, муовини Вазири умури дохилӣ, генерал-лейтенант Шералӣ Сабзов, сардори Раёсати ВКД дар нақлиёт, генерал-майор Нурулло Орифзода, сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД, генерал-майор Кабирзода Ҷурахон Ҳаким, сардори Раёсати нозиротӣ – ташкилии ВКД, генерал-майор Саидзода Маҳмасаид Борон, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД, генерал-майор Маҳмадсаид Ҷурақулов, собиқадори вазорат ва ғайраҳо бо ин медал мукофотонида шуданд”.
Бюрои марказии миллии “Интерпол” дар Тоҷикистон ба узвияти Ташкилоти байналмилалии Полиси ҷиноятӣ (“Интерпол”) дар ҷаласаи 73-юми Ассамблеяи генералии “Интерпол”, ки 5-уми октябри соли 2004, дар шаҳри Канкуни давлати Мексика баргузор гардид, ба ҳайси 183-умин давлати аъзои ин ташкилот қабул гардид.
Ташкилоти мазкур дар Тоҷикистон бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 28 январи соли 2005 таъсис дода шуд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, фаъолияти “Интерпол”-и Тоҷикистон дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда шуда, дар самти ҷустуҷӯи байналмилалии ҷинояткорони аз тафтишот ва суд пинҳоншуда, маҳкумшудагони аз ҷойҳои иҷрои ҷазо фирорнамуда ва шахсони бедарак гумшуда, инчунин муайян намудани ҷасадҳои шахсияташон номаълум дар қаламрави 190 давлати аъзои ин ташкилот фаъолият мекунад.