Ҳудуди 27 зан, ки дар шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Фирдавсӣ кор мекардаанд, имрӯз, 28-уми январ бо нишони эътироз аз амали роҳбарияти ноҳия дар назди Маҷмааи табъу нашр дар Душанбе (ГЖК) гириди ҳам омаданд.
Ҷамъомадагон иддао доштанд, мақомоти ноҳияи Фирдавсӣ бе асос онҳоро аз кор хориҷ кардааст. Онҳо мегӯянд, дар ноҳияи Фирдавсӣ ба нигоҳубини пирону маъюбони барҷомонда машғул буданд ва барои ин ҳудуди 700 сомонӣ маош мегирифтанд: “Аммо 20 январ ба мо гуфтанд, ки дар асоси шикояти пирону маъюбон аз фаъолияти кормандони ҳифзи иҷтимоӣ озмун гузаронда шудааст ва мо аз озмун нагузаштаему аз кор озодем.”
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷои ҳодиса хабар дод, бархе аз ҷамъомадагон бар инанд, ки аз кор хориҷ кардани онҳо ба тақсимоти сад доллари тақдимкардаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе рабт дорад. Занон мегӯянд, 9 сентябр зимни ифтитоҳи корхонаи қолинбофии “Равшангарон” дар маҳаллаи 1-ум Советский мақомот онҳоро занони бекор муаррифӣ карда, ба ин корхона бурдаанд: “Дар маросими ифтитоҳ Убайдуллоев аз ҳисоби Фонди раиси шаҳр ба онҳо 100 долларӣ тақдим кардааст.”
Дар пайи ин қазия мудири шӯъбаи ҳифзи иқтимоии аҳолии ноҳия аз маблағи тақдимкардаи Убайдуллоев 150 сомонӣ ва муовини раиси ноҳия боз 20 сомонии дигар талаб кардааст. Онҳо бо нишони эътироз он вақт ба расонаҳо шикоят бурдаанд. Занони бекормонда муътақиданд, хориҷкунии онҳо аз кор маҳз ба ҳамон қазия ва шикояташон ба расонаҳо рабт дорад, зеро баъди он масъулини ноҳия талош доштаанд, аз пирону барҷомондагон дар ҳаққи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ шикоят бигиранд.
Феълан масъулини пулис ва ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, занони норозиро барои суҳбат ба назди раиси ноҳия бурданд. ВИДЕО-и таҷаммӯи занони норозӣ аз ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ
ВИДЕОИ 1ВИДЕОИ 2ВИДЕОИ 3