Президент: Русия аз амнияту суботи мо манфиатдор аст (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28-уми январ дар мулоқот бо Анатолий Антонов, муовини вазири мудофиаи Русия ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳадот бо Афғонистонро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тавофуқоти дар сатҳи олии сиёсӣ ва миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар ҳосилшуда бояд пурра ва саривақт иҷро шаванд, зеро ба амнияту суботи муътамад дар минтақаи мо Русия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам манфиатдоранд.
Ба иттилои манбаъ инчунин гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои эҳтимолӣ дар минтақа ва ҷаҳон, хусусан ба ояндаи Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ сурат гирифт: “Таъкид гардид, ки шарикии стратегии Тоҷикистону Русия барои ҳарду ҷониб ва кулли минтақа судовар аст ва аз ин хотир минбаъд боз ҳам таҳким ва густариш хоҳад ёфт.”