Дуздии мошин аз назди масҷид дар Рӯдакӣ
Ғайратзода Ғолибшо, сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба мақомоти пулис муроҷиат карда, арз доштааст, ки шоми 26-уми январ шахси номаълум мошини “Тико”-яшро дуздидааст.
Ғайратзода арз кардааст, ки дуздии мошинаш тахминан соати 17:45 дақиқа сурат гирифта, шахси номаълум аз назди масҷиди деҳаи Сомонӣ “Тико”-и 1,5 ҳазор долларияшро рабудааст.
Тибқи иттилои мақомот дар пайи чораҳои ҷустуҷӯӣ бародари соҳиби мошин - Ғайратов Давлатшои 20-сола бо гумони рабудани автомашина дастгир гардид. Манбаъ мегӯяд, феълан тафтиши ин қазия идома дорад.