Зарифӣ ба таҳкими ҳамкориҳо бо Салтани Умон таъкид намуд
Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки тарҳҳои инфрасохтории минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика дар чорчӯби ташаббуси “Шоҳроҳи нави абрешим” амалӣ шаванд.
Ин пешниҳодро дар нишасти вузарои умури хориҷии кишварҳои «Шоҳроҳи нави абрешим» Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои кориҷии мамлакат ироа доштааст. Ёдрас мешавем, дар ҳамоиши мазкур, ки дар шаҳри Ню-Йорки Амрико сурат пазируфт вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Олмон, Афғонистон ва ИМА иштирок доштанд. Тавре ба «Озодагон» аз вазорати умури хориҷӣ иттилоъ доданд, Ҳамрохон Зарифӣ зимни суханронӣ ҳамчунин аз корҳои анҷомнамудаи Тоҷикистон роҷеъ ба таҳкими равобит бо Афғонистон ёдовар шуда, омодагии кишвари моро ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои минтақавӣ, ки ба таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ дар кишвари ҳамсоя равона гардидаанд, изҳор намудааст. Гузашта аз ин, дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Юсуф ибни Алавӣ Ибни Абдулло мулоқот намудааст. Дар ин дидор ҷонибҳо масоили муносибати дуҷониба ва роҳҳои густариш ва таҳкими ҳамкориҳоро ба баррасӣ гирифтаанд.{jathumbnail off}