Ноиби Убайдуллоев барои насби рекламаҳои ҲНИТ иҷоза надод
Шаҳрдории Душанбе ба дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавриди додани иҷоза барои насби рекламаҳои интихоботӣ ҷавоби рад дода, онро “рекламаи сиёсӣ” хондааст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ба “Озодагон” гуфт, шаҳрдории Душанбе бо ирсоли номае бо имзои хонум Руқия Қурбонова, муовини раиси шаҳри Душанбе унвонии Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, “муроҷиати ҳизб таҳти рақами 50-1 аз 9 январи соли 2015 оид ба додани иҷозат барои ҷойгир намудани лавҳаи рекламаи афишагиро мавриди баррасӣ қарор дода, онро “имконнопазир” шуморид”.
Ба қавли ӯ муовини раиси шаҳри Душанбе, сабабҳои имконнопазир будани дархости ҲНИТ-ро чунин шарҳ додааст: “Аз лоиҳаҳои пешниҳоднамуда бармеояд, ки рекламаҳои дархостшаванда рекламаи сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Амали Қонуни ҶТ “Дар бораи реклама”, ки муносибатҳои соҳаи рекламаро ба танзим медарорад, нисбати рекламаҳои сиёсӣ татбиқ намегардад.”
Дар нома инчунин омадааст: “Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ” роҳҳои сурат гирифтани ташвиқоти пешазинтихоботиро муқаррар намудааст, ки онҳо иборатанд аз: аз тариқи воситаҳои ахбори омма; гузаронидани маъракаҳои оммавӣ (маҷлисҳо ва вохӯриҳо бо шаҳрвандон; ташкили баҳсу мунозираҳо); нашр ва паҳн намудани маводи чопии ташвиқотӣ ва бо дигар шаклҳое, ки ин Қонун муқаррар намудааст. Аммо Қонуни мазкур насби рекламаро ҳамчун роҳи ташвиқоти пешазинтихоботӣ пешбинӣ накардааст. Инчунин, Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” низ бо риояи шартҳои баробар бурдани ташвиқоти пеш аз интихоботиро барои ҳизбҳои сиёсӣ муқаррар намудааст. Бинобар гуфтаҳои дар боло қайдгардида ҷойгир намудани лавҳаи рекламаи афишагиро имконнопазир мешуморем”.