Дидори сафири Тоҷикистон бо раиси роҳи оҳани Эрон
Неъматулло Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Мӯҳсин Пурсайид Оқоӣ, муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ, раиси ҳайъат мудира ва раиси ширкати роҳи оҳани ин кишвар мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари мабуоти ВУХ-и кишвар, дар ин дидор сафири Тоҷикистон дар Теҳрон аз дастовардҳои Душанбе дар тули солҳои истиқлолияти давлатӣ ва вазъияти кунунии кишвар дар самти амалигардонии лоиҳаҳои калони коммуникатсионӣ, аз ҷумла лоиҳаи роҳи оҳани панҷгонаи Тоҷикистон-Чин-Қирғизистон-Афғонистон-Эрон ва дар ин самт мувофиқаҳои нишасти коршиносони аршад, табодули назар намуда, таъкид намуд, татбиқи ин тарҳ ба манфиати ҳамаи кишварҳои масир ва тамоми минтақа хоҳад буд.
Инчунин ҷонибҳо оид ба масъалаи таъсиси гуруҳи доимиамалкунанда тибқи ҷаласаи коршиносони аршади кишварҳои масир (ш. Душанбе, 8-9 декабри соли 2014) ба мувофиқа расиданд. Дар идома масоили марбут ба иқдомҳои минбаъда дар самти тавсеаи ҳамкориҳо мавриди ҳамоҳангӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки ҷонибҳо бояд барои рушду тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва дар самти ҳамлу нақли роҳи оҳан тамоми имкониятҳо ва зарфиятҳои мавҷударо истифода намоянд.