АКС: Турсунов дар бораи фасодкории раҳбарияти “Саховат” ва раисони дигар
Шодком Турсунов, масъули Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон яке аз омилони асосии рушди корруписяро дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда хондааст.
Турсунов дар мулоқот бо масъулини ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ изҳор доштааст, ки омӯзиш ва таҳлилҳо нишон доданд, ки яке аз сабабҳои мусоидаткунанда ба ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар сатҳи паст қарор доштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва ҳисси пасти масъулиятнокии бархе аз масъулин ва надонистани қонунгузории ҷорӣ оид ба муқовимат бо коррупсия мебошад: “Омили дигари ба содиркунии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ин дар сатҳи кофӣ ба роҳ намондани назорати дохилиидоравӣ аз болои зердастон мебошад.”
Масъули Оҷонсӣ бо такя ба таҳлилҳо изҳор доштааст, ки бархе рохбарони корхонаву ташкилот худ даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ задаанд: “Аз ҷумла директори КВД «Бозори Саховат» Абдуллоев Б.Қ., бо истифода аз мақоми хизматии худ аз директори ҶДММ «Ҷамил» Салимов Д.Н., маблағи 100.000 сомонӣ гирифта, онро тасарруф намудааст. Ҳамчунин сардори шӯъбаи савдо ва захираи КВД «Бозори Саховат» Комилов М.М., барои хариди молу маҳсулот ва сафари хизматӣ аз хазинаи корхона маблаги 21 455 сомонӣ гирифта онро азонихуд кардааст. Муҳосиб-назоратчии КВД «Нақлиётҳои махсус оид ба кашонидани партовҳои сахти маишӣ» -и н.Фирдавсӣ Давлатов М., бо истифода аз ваколати мансабдорӣ, 5590 сомонӣ маблағҳои давлатиро азонихуд намудааст.”
Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, дар соли 2014 аз ҷониби кормандони масъул ва роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои тобеи Мақомоти иҷроияи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 18 ҷинояти коррупсионӣ содир карда шудааст, ки аз 12 ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, 3 ҷинояти қаллобӣ, 1 ҷинояти ришвадиҳии тиҷоратӣ, 1 ҷинояти гирифтани пора ва 1 ҳолати дигар намуди ҷиноятҳо мебошад.