Ифшои қонуншиканиҳои Ғафурӣ, Зулайхо ва 33 сарояндаи дигар
Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи номовари попи тоҷик барои нақзи қонуни танзим 4000 сомонӣ ҷарима шудааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, Баҳром Ғафурӣ барои пардохт накардани молият ва набастани шартнома бо соҳибмаъракае дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷарима шудааст. Гуфта мешавад, дар соли 2014 дар маҷмӯъ нисбат ба 35 сарояндаи тоҷик, бо шумули Зулайхо Маҳмадшоевава Муҳаммад Неъматов, писари Баҳодур Неъматов барои нақзи қонуни мазкур парвандаи маъмурӣ боз шуда, ба додгоҳ ирсол шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Раёсати танзими Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2014, 61 ҳолати қонуншиканиро ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додааст: “Аз ҷумла, дар ин давра нисбат ба 44 соҳибкор, 7 роҳбари муассиса ва ташкилот, 35 сароянда, 16 масъули тарабхона, 11 хизматчии давлатӣ, 1 корманди ҳифзи ҳуқуқ, 8 омӯзгор, 3 табиб, 3 муҳосиб, 8 донишҷӯ ва дигар шахсони дорои касбу кори гуногун барои нақзи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо ирсол гардидааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар соли 2014 дар ҳудуди вилояти Хатлон 161, Суғд 209, шаҳри Душанбе 81, ВМКБ 12 ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 104 ҳолати вайрон гардидани талаботи қонуни мазкур ба қайд гирифта шудааст.