Интихоботи президентии Узбакистонро панҷ намояндаи Тоҷикистон назорат мекунад
Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, панҷ нафарро барои назорати интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистон, ки 29-уми марти соли ҷорӣ баргузор мегардад, мефиристад.
Ин ҳайат аз ёвари раиси ҷумҳур оид ба сиёсати ҳуқуқӣ -- Ҷумъа Давлатов, узви КМИР -- Мамадёр Раҷабов, муовини сардори раёсати ҳамкориҳои байналхалқии дастгоҳи раиси ҷумҳур -- Суҳроб Салимзода, масъули факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон -- Изатулло Маҳмудов ва сухангӯи КМИР -- Фирдавс Табаров иборат аст.
Дар интихоботи пешорӯи раёсати ҷумҳурии Узбакистон 4 номзад бо шумули Ислом Каримов, президенти феълии ин кишвар барои курсии №1 мубориза мебаранд.