Дидори вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафири нави Бритониёи Кабир
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҳю Стэнли Филпотт, сафири нави Шоҳигарии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мулоқот кардааст.
Тавре дафтари матбуоти ВУХ хабар медиҳад, вохӯрии Аслов бо Филпотт рӯзи 27 январ дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин диор Филпотт нусхаи эъдимодномаи худро ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон тақдим карда, изҳори умедворӣ кардааст, дар давраи ваколати дипломатии ӯ муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо густариш хоҳанд ёфт.
Сафири пешини Бритониё дар Тоҷикистон -- Робин Ортд Смит охирҳои соли 2014 ба хотири анҷом ёфтани ваколати дипломатиаш Душанберо тарк кард.