ВИДЕО: “Корхонаи Кока-кола то 15 миллион сомонӣ ба буҷа фоида меорад”
Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон аснои нишасти хабарии ниҳодаш дар шаҳри Душанбе гуфт, корхонаи истеҳсоли Кока-кола дар пойтахти кишвар охирҳои соли 2015 ба истифода дода мешавад.
Ӯ мегӯяд, корхонаи мазкур дар мавзеи мавсум ба Политехникуми шаҳри Душанбе дар ҷои собиқ заводи арматура бунёд хоҳад шуд. Оқои Қосим афзуд, сохтмони корхона дар ду марҳила ҷараён мегирад: “Марҳилаи аввал бо ҷалби 20 миллион доллар ва марҳилаи дуюм бо ҷалби 30 миллион доллар анҷом шуда, дар марҳилаи аввал 200 ҷои корӣ ва дар марҳилаи дуюм ташкил шудани то 500 ҷои корӣ дар назар аст”.
ВИДЕО ИНҶОСТ
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфт, ин корхона метавонад дар давоми фаъолияти худ ба буҷаи кишвар то 15 миллион сомонӣ фоида биёрад: “Истеҳсоли солонаи он 5 миллион литр нушокии ғайриспиртӣ мебошад”.
Ба қавли Қодири Қосим бунёди корхонаи Кока-кола, ки яке аз брендҳои машҳури ҷаҳон аст, обрӯву нуфузи Тоҷикистонро барои ҷалби сармоя бештар хоҳад кард.