Масъулини ширкати «Тоҷик Эйр» мегўянд, афзоиши нархи сўзишворӣ дар Тоҷикистон онҳоро водор кардааст, то тайёраҳояшонро дар нимароҳ, - дар фурудгоҳи Таласи Қазоқистон бо сўзишворӣ таъмин намоянд.
Дар акси ҳол, онҳо боз ҳам болоравии нархи чиптаҳои ҳавоиро ногузир медонанд. Тавре аз ширкати «Тоҷик Эйр» ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ҳавопаймоҳои ин муассиса тайи чанд моҳи ахир барои гирифтани сўзишворӣ дар Қазоқистон фуруд меоянд. Ба гуфтаи манбаъ дар Қазоқистон ин ширкат сўзишвориро дар муқоиса бо Тоҷикистон 2,5 маротиба арзонтар харида истодааст: «Дар ҳоле, ки дар Душанбе як тонна сўзишвории ҳавоӣ ҳудуди 2 ҳазор доллар нарх дорад, дар Қазоқистон он бар ивази 800 доллар фурўхта мешавад»,-афзуд манбаъ.
Сабаби то ба 2000 доллари амрикоӣ баробар шудани нархи сўзишвории тайёраҳо дар Тоҷикистон, асосан боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки 30 фоизи нархи сўзишворӣ, зимни воридшавӣ ба сарҳади Тоҷикистон, дар паи пардохти андозу аксизҳо зиёд шуда истодааст.{jathumbnail off}