Қ.Қосим дар бораи собиқ корхонаи Зайд: Раис не, шакли идораро иваз мекунем (VIDEO)
Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, дар корхонаи дузандагии “Гулистон”, ки аз Дмитрий Фирташ ва Зайд Саидов ба фоидаи давлат мусодира шудааст, шакли идоракуниро тағйир хоҳанд дод.
Қодири Қосим рӯзи 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, корхонаи “Гулистон” моҳи октябри соли 2014 ба ихтиёри Кумитаи сармоягузорӣ гузошта шудааст: “Мо ният дорем дар “Гулистон” ҷамъияти саҳҳомии кушода таъсис диҳем, ки саҳмияҳои он сад фоиз ба давлат тааллуқ доранд. Самти фаъолияташро тағйир намедиҳем ва роҳбар низ ҳамон мемонад. Танҳо шакли фаъолияти идоракунияшро ташкил медиҳем, ки мақсади он ҷалби бештари сармоя аст. Ҳозир ба фаъолияти корхона дахолат накардаем, кор карда истодааст.”
ВИДЕО ИНҶОСТ
Ин дар ҳолест, ки қаблан Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи дузандагии “Гулистон”-ро, ки 95 дарсади саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ ва 5 дарсадаш ба Хайруллоҳ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов тааллуқ дошт, ба фоидаи давлат мусодира карда буд.
Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик ба “Озодагон” гуфт, қарори додгоҳ 2-юми апрели соли 2014 содир шуда, намояндаи саҳмдори асосӣ-Дмитрий Фирташ дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳузур надоштааст. Ин вакили дифоъ мусодираи амволи сармоягузори хориҷиро бе ҳузури ӯ ғайриқонунӣ хонда буд.
Табаров илова намуд, ки “Гулистон” бо даъвои Оҷонсии зидди фасод ба далели он, ки гӯиё зимни хусусигардонияш бархе аз қонунҳо нақз шудаанд, мусодира гардидааст.
Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, яке аз моликони "Гулистон" баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ боздошт шуда, моҳи декабри соли 2013 барои ришват, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд.