Заҳролудшавии маргбори оилаи Сатторовҳо аз консерваи худсоз
Мақомоти пулиси Тоҷикистон шоми 26-уми январ боз як ҳолати дигари заҳролудшавии сокинонро аз консерваи худсоз ба қайд гирифтаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ дооданд, тақрибан соати 18:00 оилаи Сатторовҳо, истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Шаҳраки ноҳияи Исфара, ҳангоми хӯроки шом маҳсулоти консервакардашудаи худсозро истеъмол намудаан: “ Дар натиҷа, шаш нафар аъзои оилаи мазкур заҳролуд шуда, дар беморхона бистарӣ мегарданд. Хурдсол Сатторова Мубораки 7-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст.”
Мақомоти пулиси Тоҷикистон бо зикри ин қазия, ки нахустин нест, таъкид мекунанд, ки бархе соҳибхоназанҳо зимни омода намудани консерваҳои худсоз, талаботи санитарию гигиениро риоя намекунанд, ки ин боиси фалокат мешавад. Ин ниҳод аз мардуми кившар даъват намудааст, ки ҳангоми омода намудан ва истеъмоли консерваҳои худсоз боэҳтиёт бошанду ҳаёту саломатии худро эмин нигоҳ доранд.
Ин дар ҳолес т, ки зимни таҷлили Наврӯз дар шимоли Тоҷикистон соли гузашта низ як гуруҳ сокинон дар пайи истеъмоли консерваи худсохт заҳролуд шуда буданд. Инчунин тирамоҳи соли 2012 низ баъди истеъмоли консерви помидору бодиринг дар Зафарбод як нафар фавтидаву 26 нафари дигар дар ҳолати вазнин ва миёна бистарӣ шуда буданд.