(САДО) Раҳматзода дар бораи лағви барвақтии "лимит" ва омори "дурӯғ" ба Президент
Рустам Раҳматзода, раиси “Барқи тоҷик” мегӯяд, изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъминоти 12-соатаи аҳолии деҳоти кишвар бо барқ воқеӣ мебошад.
“Озодагон” дар пасманзари шикояти сокинони навоҳии Тоҷикистон, ки мегӯянд, дар як шабонарӯз аз 7 то 10 соат барқ мегиранд, аз раиси “Барқи тоҷик” суол кард, ба раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи 12 соат таъмин будани аҳолии кишвар бо барқ, кӣ иттилоъ пешниҳод кардааст?
Раҳматзода изҳор дошт, ин иттилоъро “Барқи тоҷик” пешниҳод кардааст ва он дурӯғ нест: “Мо ба Президент дар мавриди он, ки мардум 12 соат барқ мегиранд, иттилои дуруст пешниҳод кардем. Қаблан воқеан камбудиҳо буданд ва бархе навоҳӣ камтар аз 12 соат барқ мегирафтанд. Ҳозир онро ислоҳ кардаем. Бовар накунед, равед дар деҳот бинед, ки мардум аз 12 соат кам барқ намегиранд.”
Масъулини “Барқи тоҷик” аз сокинон даъват намуданд, дар сурати риоя нашудани меъёри 12-соата ба телефони боварии ин ширкат занг зананд ва ин камбудӣ фавран ислоҳ хоҳад шуд. Раиси "Барқи тоҷик" инчунин ваъда дод, ки имсол лимитро нисбат ба соли пешӣ барвақттар лағв мекунанд, чун сатҳи оби дарё ва захираҳо нисбатан зиёд мебошад. Ӯ таъкид кард, ки агар обуҳаво мусоид ояд, маҳдудияти барқро аввали моҳи март лағв хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23-юми январ дар паёми солонааш ба парлумон норасоии барқро мушкили рақами 1-и кишвар арзёбӣ намуд. Ӯ бо зикри талошҳои ҳукумат барои таъмини мардум бо барқ изҳор дошт, сатҳи таъминот бо барқ беҳтар шудааст: “Таъминот бо барқ каме ҳам бошад, беҳтар шудааст. Агар 10 соли пеш аз 2 то 4 соат барқ мегирифтанд, ҳозир мардум беш аз 12 соат барқ мегирад. Инчунин тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои маъмурӣ бо барқ таъминанд.”
Ин таъкидот дар ҳолест, ки бисёри сокинони навоҳии кишвар ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки ҳанӯз ҳам дар як шабонарӯз, камтар аз 10 соат барқ мегиранд.