Афсарони пойгоҳи 201-и Русия сарбозони тоҷикро ронандагӣ ва тупандозӣ меомӯзанд
Афсарони пойгоҳи низомии 201-и Русия барои Вазорати дифои Тоҷикистон мутахассисони сатҳи миёна омода мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Округи низомии марказӣ нахустин дарсҳо моҳи феврал шурӯъ мешавад.
Ба ит тилои манбаъ, сарбозони тоҷик аз рӯи тахасусҳои таъмиргар–ронанда ва тупчӣ-ронандаи мошинҳои зиреҳпӯш таълим мегиранд. Дар интиҳои кусрҳои таълимӣ афсарон дар тирандозӣ иштирок хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, дарсҳои омӯзишӣ дар размоишгоҳҳои Лоҳур, Самбулӣ ва Момирак баргузор мешаванд.