Қадрдонии 115 шаҳрванд барои таъмини амнияти Президент (АКС)
Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сардори давлат ва меҳмонони олиқадр бо баргузории як ҷаласа аҳолиро ба ҳамкории бештар даъват кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, зимни ҷаласа, ки бо иштироки кормандони ғайриштатии ин ниҳод доир шудааст, полковники милиса Ҳомидов Б, фармондеҳи Воҳиди махсус бо зикри паёми раисиҷумҳур, таъкид намудааст, ҳар шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Зимни мулоқот қайд шудааст, ки “ба хотири суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.”
Раҳбарияти Воҳиди махсус афзудааст, феълан 115 ихтиёриӣ ҳамчун корманди ғайриштатӣ мунтаззам дар таъмин намудани бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сардори давлат ва меҳмонони олиқадр фаъолона ҳамкорӣ менамоянд: “Аксарияти онҳо дар ҷойи кор ҳам фаъолияти босамар ва интизоми намунавӣ дошта, дар байни ҷомеа сазовори эҳтиром мебошанд.”
Манбаъ мегӯяд, дар анҷоми вохурӣ барои ҳамкории фаъолона 25 корманди ғайриштатӣ бо телефонҳои ҳамроҳи дусимкартадор, 4 корманди ғайриштатӣ бо соатҳои дастӣ ва 10 нафари дигар бо Ифтихорномаи ВКД қадр шудаанд.