Анвар Ҷалилов: Бидуни раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам ҲХДТ рақобатпазир аст (САДО)
Анвар Ҷалилов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, дар сурати аз раҳбарии ҳизб канор рафтани Эмомалӣ Раҳмон низ ин ташкилоти сиёсӣ дар рақобатҳои сиёсӣ пешгом хоҳад буд. Ӯ ин нуктаро зимни як нишаст бо рӯзноманигорон дар Дафтари САҲА дар шаҳри Хуҷанд изҳор дошт.
Ба қавли номбурда, агар аз ӯ солҳои 1995-96 суол мекарданд, ки дар сурати аз раҳбарии ҲХДТ даст кашидани Эмомалӣ Раҳмон ин ҳизб дар баробари дигар аҳзоби сиёсӣ рақобатпазир буда метавонад, шояд ҷавоб дода наметавонист: “Чун мо акнун ташаккул ёфта истода будем. Ман яке аз шахсонеам, ки аз рӯзи таъсисёбӣ дар ҲХДТ ҳастам. Ман муқоиса карда метавонам. Имрӯз ҳар нафаре, ки сарвари ҳизби мо набошад, ҳизби мо пурқувват аст ва ба рақобатҳои сиёсӣ тайёр аст”.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз мунақидони ҲХДТ мегӯянд, ин ҳизб ҳамеша барои нуфузи худ аз чеҳраи раҳбараш – Эмомалӣ Раҳмон, ки райисҷумҳур ва раҳбари ҳукумати кишвар аст, истифода мекунад.
Идеяи таъсисит Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон соли соли 1993 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид ва 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи кишвар онро сабти ном кард. Анвар Ҷалилов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, ҳоло теъдоди аъзои ҲХДТ дар қаламрави вилояти Суғд ба 74 ҳазор ва дар ҷумҳурӣ ба 250 ҳазор мерасад. Ӯ мегӯяд, ба ҷуз аъзои ҳизб, тарафдорон ва онҳое, ки аз ҳизби онҳо пуштибонӣ мекунанд, хеле зиёданд.