Хунталабии ҷангҷӯёни “амир”-и тоҷик дар Сурия
Гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ, ки идораи шаҳри Раққаҳи Сурияро дар даст дорад, аз сокинони ин минтақа хостааст, барои ҷангҷӯёни захмияш хун “ҳадя” кунанд.
Дар баёнияи ДИИШ таъкид шудааст, ҳар нафаре мехоҳад, шаҳри Раққаҳро тарк кунад, бояд ба миқдори муайян хун бидиҳад. Ин талаби ДИИШ дар ҳолест, ки ахиран теъдоди ҷангҷӯёни захмии ин гуруҳи террористӣ дар шаҳри Кубонӣ ва минтақаи даргии онҳо бо гуруҳи ан-Нусра тайи рӯзҳои охир афзоиш ёфтааст. ДИИШ инчунин бо содир намудани як қарори дигар хуруҷи мардони аз 50-сола поин ва занони синнашон то 45 аз қаламрави Раққаҳро манъ кардааст.
Номи шаҳри Раққаҳ замоне сархати расонаҳои хабарии Тоҷикистон қарор гирифт, ки ДИИШ моҳи августи соли равон, баъд аз таҳти тасарруфи худ қарор додани ин минтақа як шаҳрванди Тоҷикистонро дар он ба ҳайси амири худ таъйин кард. Ба иттилои расонаҳои марбут ба ДИИШ, ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ин мақом бо дастури Абубакр Бағдодӣ - раҳбари ДИИШ, ки ахиран худро халифаи мусулмонони ҷаҳон эълон кард, гӯиё баргузида шудааст. Далели ин тасмим дар фаъол будани шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ғасб шудани ин минтақаи Сурия аз сӯи ҷангҷӯёни ДИИШ арзёбӣ гардид.