Худойбердиев, ки мудирони госпиталро “доля” бастааст, афв шуд
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, Асадулло Худойбердиев, як раҳбари сохтори госпитали Тоҷикистон, ки зердастонашро “долябандӣ” кардааст, афв шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод парванда алайҳи Худойбердиев, бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ-қаллобӣ ба додгоҳ ирсол шуд: “Додгоҳ бо назардошти он, ки Худойбердиев беш аз 4 моҳ дар маҳбас буд ва зарари расондаашро ҷуброн кард, ӯро бо татбиқи қонуни афв аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд.”
Қаблан Оҷонсии мубориза бо фасод хабар дода буд, ки менеҷери сохтори госпитали Қубодиён, Худойбердиев Асадулло тайи фаъолияташ аз соли гузашта то нимсолаи дуюми соли 2014 барои пуштибонӣ аз раҳбарони шуъбаҳо пора мегирифтааст: “Аз ҳама зиёд аз мудири шуъбаи ҷарроҳӣ, моҳе 1000 сомонӣ мегирифтааст. Аз мудири шуъбаи бемориҳои асаб-500 сомонӣ, аз мудири шуъбаи бемориҳои қалб-100 долларӣ, аз мудири шуъбаи хунгузаронӣ-200 сомонӣ ва аз мудири шуъбаи шикастабандӣ-900 сомонӣ ҷамъ мекардааст.”
Манбаъ мегӯяд, ин менеҷери госпитал зимни гирифтани 300 доллар аз мудири шуъбаи эҳёгарӣ боздошт гардида, алайҳи ӯ барои фасодкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Нусратулло Салим, вазири тандурустии Тоҷикистон дар шарҳи хабарҳо оид ба фасодкорӣ дар ин соҳа гуфт, хабарҳоро мешунаванд, ки фалониро бо пора боздошт намудаанд, аммо баъдтар боз мефаҳманд, ки раҳо шудааст, ки ба гуфтаи вазир ҳайратовар аст. Ӯ таъкид намуд, ки дар сурати боздошту асоснок будани иттиҳом бигзор дастандаркорон ҷазо гиранд.