Салоҳиддин барои мансаби вазирӣ аз шаҳрвандии дуюмаш даст кашид
Салоҳиддин Раббонӣ, фарзанди марҳум Бурҳониддин Раббонӣ ва раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон барои соҳиб шудан ба курсии вазири умури хориҷии кишвараш аз шаҳрвандии дуюми худ даст кашид.
Сироҷулҳақ Сироҷ, муовини сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон дар суҳбат бо “ХомаПресс” гуфтааст, хабари лағви шаҳрвандии дуюми Раббониро сафоратхонаи кишваре, ки табаияти онро дошт, ба ин ниҳод расонидааст. Ба гуфтаи ӯ, инчунин Вазорати умури хориҷии Афғонистон хабари лағви шаҳрвандии дуюми Нурулҳақ Улумӣ номзад ба вазири умури дохилӣ ва Сайид Саодатмансур Носирӣ номзад ба вазири кор ва умури иҷтимоии ин кишварро низ дастрас кардааст.
Оқои Сироҷ афзуда, ки ҳоло иттилои дарёфтӣ дар бораи лағви шаҳрвандии дуюми номзадҳоро ба вазорати Афғонистон оид ба умури парлумонӣ фиристодааст, то баррасӣ ва тасмим гирад. Ин дар ҳолест, ки қаблан парлумони Афғонистон номзадии ин се нафар, аз ҷумла Салоиҳиддин Рабониро ба мансаби раҳбарии бархе вазоратхонаи ин кишвар рад карда буд.
Салоҳиддин Раббонӣ, писари раисиҷумҳури пешини Афғонистон - Бурҳонуддин Раббонӣ аст, ки ба ҷои падари худ дар курсии раҳбарии Шӯрои олии сулҳ, ниҳоди масъули гуфтугӯи сулҳи Кобул бо ҷунбиши Толибон, моҳи апрели соли 2012 нишаста буд. Ӯ пеш аз омаданаш ба ин симмат, ба ҳайси сафири Афғонистон дар Туркия кор кардааст. Писари Раббонӣ хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ буда, дорои дипломи Донишгоҳи “Кингстон”-и Лондон низ ҳаст.