(ВИДЕО) Ҷанҷоли вакилзанҳои Афғонистон дар парлумон
Порлумони Афғонистон дар севумин рӯзи баррасии кобинаи ин кишвар ба ҷанҷол кашида шуд. Ин таниш миёни аъзои маҷлис бар сари душаҳрвандии номзади раиси бонки марказии Афғонистон - Халил Сиддиқӣ ба миён омад.
Бо идомаи ин ҷанҷоли лафзӣ Шикебо Ҳошимӣ, намояндаи мардуми Қандаҳор ва Лайламо Валӣ Ҳакимӣ, намояндаи мардуми Нангарҳор бо ҳам дастугиребон шуданд. Ба дунбол неруҳои амниятии маҷлис ҳарду номзадро аз маҷлис хориҷ карданд.
Дар пайи ин ҷанҷол бо дархости Абдулрауф Иброҳимӣ, раиси маҷлиси намояндагон Халил Сиддиқӣ, номзади раиси бонки марказии Афғонистон ҳам маҷлисро тарк кард.
Ин барнома, ки ба таври зинда аз тариқи телевизиони миллии Афғонистон нашр мешуд, барои чанд дақиқа қатъ шуд.